Субҳи рӯзи гузашта дар ноҳияи Суроби Кобул як корвони мошинҳои Созмони Милали Муттаҳид мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Ariana News» бо истинод ба Намояндагии кӯмакҳои СММ дар Афғонистон гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса панҷ корманди Хадамоти муҳофизати Афғонистон, ки корвони мошинҳои СММ-ро ҳамроҳӣ мекарданд, кушта шуданд.«Дар натиҷаи ҳамла ба мошини Хадамоти муҳофизат, ки корвони СММ-ро ҳамроҳӣ мекард, кормандони СММ ва мошини онҳо осеб надидаанд», — навиштааст Намояндагии кӯмакҳои СММ дар Афғонистон дар «Twitter».
Дар зимн, муовини Намояндаи махсуси Дабири кулл оид ба Афғонистон Рамиз Алакбаров ба оилаҳои афсарони ҳалокшуда изҳори тасаллият намуд. Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар шоҳроҳи Кобул – Ҷалолобод рух додааст.