Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар нишасти матбуотии БМТ дар бораи баргардонии пулҳои муштариён аз тарафи бонкҳое, ки муфлис шуданд, гуфт, ки дар ҶСК “Фононбанк” аз 71,5 миллион сомонии уҳдадориҳояш дар пеши шахсони воқеӣ танҳо 5,2 миллион сомонӣ боқӣ мондаасту онро бояд то охири моҳи феврал пардохт намояд.
Ҳоким Холиқзода дар идома афзуд, ки аз моҳи марти соли 2018 инҷониб иҷозатномаи Бонки саҳҳомии «Тоҷпромбонк» бозхонд шудааст, вале ҳанӯз ҳам мушкилот мавҷуд аст ва бо пешниҳоди БМТ ба Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон мудири бахши махсуси он аз вазифа озод карда шудааст. Уҳдадориҳои ин бонк пеши муштариён 174,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз 49 миллион сомонии бон боқӣ мондааст, яъне 72% уҳдадориҳояшро «Тоҷпромбонк» дар назди аҳолӣ иҷро намудааст. Ба иттилои Раиси БМТ дороиҳои ин бонк 320 миллион сомониро ташкил медиҳад ва барои пурра пардохт кардани ҳаққи шаҳрвандон каме вақт лозим аст.
Аз 3 миллиарду 700 миллион сомонии уҳдадориҳои Ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ба 1 миллиарду 274 миллион сомонӣ расидааст. Ва аз маблағи умумии уҳдадориҳои бонк 1 млрд 200 млн сомонияш қарз аз шахсони воқеӣ мебошад, ки 344 миллион сомонии он боқӣ мондааст. Дар масъалаи қарзҳои ҶСК “Агроинвестбонк” дар назди шахсони воқеӣ гуфта шуд, ки имрӯз уҳдадориҳои бонк дар маҷмӯъ 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ кам гардидаанд.
Ба андешаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода яке аз сабабҳои то имрӯз бар нагардондани пули муштариён аз тарафи бонкҳои муфлисшуда, ин дар вақташ фурӯхта натавонистани дороиҳояшон мебошад.
Бояд гуфт, ки бо сабабҳои муфлисшавӣ ва ё фаъолият накардани ташкилотҳои қарзӣ, махсусан, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки шумораашон аз 125 дар соли 2012 то 62 дар соли 2018 кам гардид, аз ҷониби Бонки миллӣ иҷозатномаи онҳо бозхонд карда шуд. Дар ишора ба ин маълумот Пешвои миллат дар суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар (2019) қайд намуданд, ки Бонки миллиро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва барқарор намудани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо бо роҳи ҷоннок намудани назорати бонкӣ, арзёбии дороии бонкҳо ва мониторинги доимии вазъи бозори хизматрасониҳои бонкӣ тақвият бахшад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар шароити рақобати бозорӣ танҳо ташкилотҳои қарзие, ки маҳсулоти нави бонкӣ ва хизматрасониҳои гуногуни инноватсиониро пешниҳод менамоянд, мавқеи худро дар бозор устувор карда метавонанд.