90% донишҷӯёни ДТҶТ узви дастаҳои мунтахаби ҷумҳуриянд

Зимни нишасти матбуотӣ дар  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қайд  гардид, ки дар Донишкада дар 8 кафедра аз рӯйи 31 ихтисоси варзишӣ донишҷӯён таълиму тамрин мегиранду тақирбан 90% донишҷӯён узви дастаҳои мунтахаби  Ҷумхурии  Тоҷикистон ва 300 нафар номзади устоди дараҷањои гуногуни варзиш мебошанд.

Дар идома аз тарафи ректори Донишкада Шодӣ Сафаров зикр гардид, ки соли гузашта дар баробари дигар соҳаҳо таъсири КОВИД-19 ба самти варзиш бештар ба назар мерасид. Ҳамин буд, ки чанде аз мусобиқаҳои роҳандозинамудаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба мавқуф гузошта шуданду варзишгарон, имкони бадаст овардани ҷоизаҳоро надоштанд.

Дар нишаст зикр гардид, ки ҳамкориҳои байналмилии Донишкада бо дигар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар ба роҳ монда шудаасту дар ин замина бо густариши он дар рушди намудҳои варзиш дар кишвар заминагузор хохад буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *