Дар нишасти нишасти матбуотии Суди Олии Иқтисодии ҶТ гуфта шуд, ки дар соли 2020 бо санадҳои судӣ ба маблағ 3 027 049,77 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Бо ироаи ин маълумот Қаландарзода Мавлуда, раиси Суди олии Иқтисодӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки дар соли 2020 дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3499 адад аризаи даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 539 адад бинобар риоя нагардидани талаботи меъёри мурофиавӣ беҳаракат монда шуд. Қабули 20 ариза рад ва 627 арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома нисбат ба 1805 парванда ҳалнома содир гардида, 131 парванда қатъ карда шуда. Аз ин шумора 132 ариза бебаррасӣ монд ва 1 адади дигар аз рӯйи тобеият ирсол карда шудааст. Инчунин дар суди марҳилаи назоратӣ 300 адад парванда баррасӣ гардиданд.
Шоҳин Саидов
радиои “Тоҷикистон”