Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷавононро огоҳ намуданд, ки: “хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд”.
Дар ҷомеаи имрӯза, ки пур аз ихтилофу мушкилиҳост, паҳншавии терроризму экстремизм, ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон, воқеан, ҷойи нигаронист. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавону соҳибистиқлол, ки дар марҳилаи нави рушд қарор дорад ва баъд аз пушти сар намудани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ акнун қадамҳои устувор ба самти созандагӣ мегузорад, боз ҳам ба тақвият бахшидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳ, таъмини амният, инчунин, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои хусусияти террористиву экстремистидошта чораандешӣ намуда истодааст.
Дар робита ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани тадбирҳои зарурӣ заминаҳои ҳуқуқиву амалиро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамаҷониба фароҳам овардааст. Аз ҷумла, қабул ва мавриди амал қарор додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” далели гуфтаҳои болоянд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба омилҳои мазкур якчанд стратегия, консепсия ва барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат зимни Паёми навбатии худ Прокуратураи генералиро вазифадор намуданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Мубориза бар зидди хоинони миллат ва терроризму экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки мо-шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Хоинони миллат – аъзо ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ шабакаҳои иҷтимоиро макони бесоҳиб пиндошта, мақсадҳои нопок ва разилонаи худро таблиғу ташвиқ карда истодаанд. Моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконот ҷиҳати ошкор намудани сирати разилонаи хоинони миллат ҳаматарафа кӯшиш намоем, зеро ин нуктаи муҳимро Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ махсус таъкид намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.
Хурсандиовар он аст, ки дигар ҳатто дар ҳамон шабакаҳои иҷтимоӣ низ тинату аҳдофи нопоки ин хунхорони гумроҳ ошкор шуда истодааст ва аксари корбарон ба онҳо ҷавобҳои раднопазир ва лаънат мефиристонанд.
Масалан, ёдовар мешавем, дар оғози паҳншавии бемории ҳамагири COVID -19 зархаридони хоҷагони хориҷӣ аз ғаму нигаронии мардум барои худ дасиса сохта, аз ин вазъияти ҳассос ҷиҳати иғвоандозӣ ва халалдор намудани амнияти Ватани азизи мо истифода бурданӣ шуда, чӣ қадар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли саг меҷакиданд. Онҳо дидаву дониста, дар дили мардум тарсу ваҳм коштанӣ мешуданд, моро аз оянда ноумед карданӣ шуда, дар ҳаққи Ҳукумату низоми тандурустии мо ҳар гуна туҳмату буҳтон ва сияҳномаҳо паҳн мекарданд, аммо, хушбахтона, мардуми шариф ва зираки Тоҷикистон гирифтори доми ин бадхоҳон нашуд ва ҳатто нафрату лаънаташон хонд. Ҳамчунин, бо ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони тиббӣ ва иродаи мустаҳками мардуми Тоҷикистон мо аз ин имтиҳон низ бо сари баланд гузаштем.
Аз забони касифи хоинони миллат ба ҷуз аз таҳқиру ҳақорату дашном дигар ҳарфе намебарояд. Аз тарзи суҳбат ва масъалагузориҳои онҳо кас ба осонӣ пай мебарад, ки ин зархаридон саводи кофӣ ҳам надоранд, корашон фақат сафсатахонӣ ва иғвоангезист, ки бо ин амал рӯи сиёҳи худро боз ҳам возеҳтар ба мардум нишон медиҳанд.
Чанд вақт пеш тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва сомонаҳои интернетӣ филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” намоиш дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани он нишон додани амалҳои нангин ва саргузашти шармовар ва амалҳои хоинонаи як гумроҳ мебошад. Дар ин филм рафтору кирдори ношоиста ва муғризонаи узви ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, қотеона маҳкум мегардад. Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон, ки Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафҳои миллии худро ба даст овардааст, амалҳои ношоиставу бешарафонаи чунин ашхосро бо тамоми шаклҳо ва мавҷудияташ маҳкум намуда, дар ҳар шароит арзишҳои миллиамонро боло медонад ва аз онҳо ҳимоя менамояд.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» бо «таҳлил»-ҳои кӯр-кӯрона ва бесаводона сари ин ё он масъала суҳбат карда, бо тиҳимағзии хеш ошкор месозад, ки ғаразмандона ва бо супориши роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон ин корҳоро анҷом медиҳад. Ҳол он ки, тавре аз тариқи ВАО огоҳем, худи ӯ ва ақрабонаш ба сиёҳкории гурӯҳеву ҳизбе алоқаманданду аз дасти онҳо нафарони зиёде ранҷ мебаранд ва бо ин ҳама боз бешармонаю бешарафона даҳон боз мекунанд.
Тавре дар филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» нишон дода мешавад, чандин нафар, ки ба доми фиреби ин қаллоб даромада, то имрӯз азияташро мечашанд, рафторҳои разилонаи ӯро, ки аз амалҳои террористию экстремистии ТЭТ ҲНИ маншаъ мегиранд, шадидан маҳкум менамоянд. Онҳо ба мардум рӯ меоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба бофтаҳои чунин ашхос, ки мехоҳанд бо истифода аз дини мубини ислом онҳоро барои манфиатҳои шахсии хеш истифода баранд, наафтанд.
Ҳамчунин, чанде пеш фаъолияти як расонае, ки бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекард, дар баробари 92 сомонаи хориҷӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Амрико қатъ гардид. Сомонаи “Рисолат” (risolattj.com), ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои мухотабон дар Тоҷикистон матлаб нашр мекард, ҳамчун расонаи зидди манофеи ИМА унвон шудааст. Дар ин торнамо ба ҷуз аз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, инчунин изҳороту муроҷиатҳои ташкилоти террористии собиқ ҲНИ низ пайдо мешуд.
Рӯйхати ин 92 сомона дар торнамои Вазорати адлияи Амрико нашр шудааст ва дар миёни онҳо ба ҷуз аз risolattj.com ҳамчунон сомонаҳое ба мисли farhang-press.com, roushd.com низ ҳастанд, ки бо забони форсӣ дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ матлаб нашр мекарданд.
Ғайр аз ин, сомонаи “Кимиёи саодат”, ки ахбори бардурӯғ, иғвоангез ва моҷароҷӯёнаро нисбат ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр менамуд ва ҳамзамон бо ин, матлабҳои тарғиботии мазҳабӣ ва марбути ТТЭ ҲНИ-ро паҳн мекард, баста шудааст. Аммо ин кӯрони роҳи ҳақиқат, чизе барояшон сабақ намешавад ва то ба ҳол аз хориҷи мамлакат бо тамоми роҳу восита кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми Тоҷкистон таҳмил кунанд.
Аҷибтар аз ҳама, онҳо худашон кайҳо пай бурдаанд, ки дигар мардуми тоҷикро бо ин роҳ фиреб дода наметавонанд, дасисабозиҳое, ки солҳои навадум анҷом доданд, ҳанӯз фаромӯш нашудаанд, дар ин баробар, хидматҳову ҷонфидоиҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани мамлакат ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим низ ҳамешагӣ дар хотираи халқ боқист.
Истиқлоли давлатӣ беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушди устувор ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва давлати мустақилро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва ин мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хоссаеро дорост.
Вале хоинони миллат ҳанӯз ҳам аз аҳдофи нопоки худ даст кашиданӣ нестанд. Далели асосӣ он аст, ки онҳо ба сари худ соҳибихтиёр нестанд. Агарчи медонанд, ки ягон тарафдор надоранд, аммо шарм намедоранд ва ҳарзагӯиҳояшонро идома медиҳанд, чун номусу ихтиёрашонро ба хоҷагони хориҷӣ ба ивази миқдоре пули ҳаром фурӯхтаанд ва чун абзоре аз тарафи хоҷагонашон истифода мешаванд.
Соли 2021 барои мардуми сарбаланди тоҷик соли махсус, яъне соли таҷлил аз ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад ва ин ҷашни муқаддаси миллӣ пешорӯи мо масъулиятҳои бузург мегузорад. Аз ҳама муҳиммаш, ҳифзи амнияти миллӣ ва мубориза бурдан бо хоинони миллат вазифаи шаҳрвандии мост.
Мардуми шариф ва соҳибмаърифати Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси мамлакат, инро набояд фаромӯш кунанд ва ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ба гуфтаҳои хоинони миллат дода нашаванд, зеро Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:
Чун басе иблис одамрӯй ҳаст,
Пас ба ҳар дасте нашояд дод даст.
З-он ки сайёд оварад бонги сафир,
То фиребад мурғро он мурғгир.
Мо бояд бидонем, ки касоне, ки шахси бегуноҳ ва мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум месозад, гурӯҳҳое, ки ба куштори дастаҷамъӣ, ба ҳалокат расонидани шаҳрвандон ба таври оммавӣ даст мезананд, онҳое, ки ҷойҳои бо заҳматҳо обод кардаи насли инсонро бо амалиёти нопоки худ харобу валангор карда, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ғами мардумро намехӯранд. Хоинони миллат як нуктаро фаромӯш накунанд, ки миллати тоҷик як маротиба натиҷаи амалҳои нопок ва ваҳшиёнаи онҳоро таҷриба кард ва дигар ҳеҷ гоҳ ба суханҳои дурӯғ ва иғвоангезонаи ин разилон бовар намекунанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи
“Ҷаҳони паём”