Баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд – Душанбе – Тошканд парвози махсус анҷом дода шуд.
Тавре сомонаи www.radiotoj.tj субҳи имрӯз хабар дод, аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» (Uzbekistan Airways) дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд парвози махсус сурат гирифт, ки дар ин масир аз моҳи марти соли 2020 инҷониб, бар асари паҳншавии бемории сироятии COVID-19, парвози ҳавопаймоҳо муваққатан қатъ гардида буд.
Бояд гуфт, ки парвозҳои мунтазам то ҳанӯз барқарор нашудаанд ва дар ҷавоб ба ин саволи “Ховар” директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфтааст, ки дар ин масъала байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид идома дошта, бо ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд.
Хотирасон мекунем, ки алҳол дар хатсайри Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.