Ахбори ВКД: Фоҳишахона ва 0,2 миллион сомонӣ зарар ба соҳибмулкон

Фоҳишахона

Кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.

Тавре маркази матбуотии ВКД шарҳ медиҳад, номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш ба марди 36 ва зани 29-сола барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Маълум карда шудааст, ки ду маротибаи дигар ҳам ин зан барои ҳамин гуна корҳо шароит муҳайё намуда, аз муштариён мукофотпулӣ гирифтааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Зарари калон ба соҳибмулкон дар Ҷайҳун ва Бохтар

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар 2 нафар аз сокинони шаҳри Бохтарро ҳамчун гумонбар дар амали дуздӣ дастгир карданд.

Бояд гуфт, ки аз рӯйи ин ҳодиса ба ШВКД-и мазкур сокини шаҳр муроҷиат карда буд, ки шахсони номаълум шаби 12 ба 13 декабри соли 2020 вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз фурсати барояшон муносиб, ҳангоми хоб будани соҳибхона, сандуқи оҳанин (сейфро), ки дар дохили он маблағҳои пулӣ, ҷавоҳироти тиллоию нуқрагӣ, либосҳои мардона, ҳуҷҷату шиносномаҳо мавҷуд буданд, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки ба ҷабрдида ба маблағи 160 000 сомонӣ зарари калон расонидаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷайҳун низ ду нафар аз сокинон бо гумони дуздии чорвоҳои майдаву калони сокинони ноҳия боздошт шуданд.

Гумонбарон, бо маслиҳати пешакӣ, шабона ғайриқонунӣ вориди чарогоҳҳо ва манзилҳои зисти нафароне, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекарданду хешони наздикашон ба шумор мераванд, чорвоҳои хурду майдаи мардумро дуздида, аз ҷои ҳодиса ба макони ба худашон мувофиқ интиқол медиҳанд. Илова бар ин аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинони ноҳияи мазкур насосҳои обкашии барқиро низ тасарруф намудаанд ва маблағи бо роҳи дуздӣ ба дастовардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф карданд. Бояд гуфт, ки ин ду нафар дар 7 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаашон 40 000 сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *