Нашрияҳои кишвар ин ҳафта дар мавриди муҳимтарин таҳавулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон матолиби хабариву таҳлилӣ дар саҳифаҳои худ чоп кардаанд. Аз ҷумла, муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” ба мардуми кишвар, солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дурнамои рушди саноати Тоҷикистон то соли 2025 ва нигарониҳо аз афзоиши нархи равған, шакар ва тухм дар кишвар мавзӯҳои меҳварӣ буданд.
«Ҷумҳурият»
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 9 декабр дар мавриди натиҷаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, гузориши муфассал чоп намудааст. Ҳамзамон, нашрия дар ин шумора дар мавриди ҷараёни баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 7 декабр оғоз шуд, маталабе нашр кардааст.
«Ҷумҳурият», дар шумораи рӯзи 4 декабр мақолае бо номи «Ситруспарварӣ. Тавсеаи соҳа тақозои замон аст» чоп кардааст. Муаллифони матлаб таъкид кардаанд, ки зарур аст барномаи рушди ситруспарварӣ барои 10 – 15 соли наздик тасвиб шуда, ҳамасола дар кишвар 100 гектар лимӯхона бунёд шавад.
Ба навиштаи муаллифон дар ҳолати баланд бардоштани ҳосилнокӣ то 22-25 тонна аз як гектар ва дар маҷмӯъ, барои истеҳсоли солонаи на кам аз 14 – 15 ҳазор тонна лимӯ шароит фароҳам мегардад. Дар хулоса таъкид шудааст, фурӯш ва содироти ин миқдор лимӯ барои кишвар ба ҳисоби миёна дар як сол 350 – 400 миллион сомонӣ фоидаи иқтисодӣ меорад.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 декабр аз натиҷаи баргузории ҳамоише таҳти унвони «Оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» гузориши муфассале чоп кардааст.
Дар ин ҳамоиш зикр шудааст, ки тайи се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 15 то 17 фоиз афзоиш ёфта, танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳслуоти саноатӣ дар Тоҷикистон баш аз 24 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7% зиёд мебошад.
Дар баробари ин Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон изҳор доштааст, ки тибқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 бояд то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шавад.
“Садои мардум” дар матлабе дар шумораи рӯзи 8 декабр хабар додааст, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон кӯдакон аз бемории баногӯшак низ ваксинатсия хоҳанд шуд.
Ба навиштаи ин рӯзнома ахиран дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» оид ба иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон суҳбати гирди миз баргузор шуда аст.
Дар ин нишаст Файзалӣ Саидзода мудири «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» гуфтааст, ки солона ҳолати гирифторшавӣ ба бемории баногӯшак дар кишвар аз 1500 то 2500 нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вай бо назардошти ин Ҳукумати Тоҷикистон имсол бар зидди бемории баногӯшак ваксинаро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид кард. Бад ин тартиб тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ, аз 23 ноябри соли равон иммунизатсияи кӯдакон бар зидди баногӯшак бо истифода аз ваксинаи севалентаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар яксолагӣ ва иммунизатсияи такрорӣ дар 6-солагӣ гузаронида мешавад.
«Минбари халқ»
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 9 декабр дар баробари чопи хабару гузоришҳо, ба муносибати рӯзи таъсиси ин ҳизб паёми шодбошии Раиси Ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро нашр кардааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём аз ҷумла гуфтааст: «ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғибу ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд».
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мақолае таҳти унвони “Узри бадтар аз гуноҳ” савол додааст, ки оё ба “Барқи тоҷик” бовар кунем ё на? Муаллиф таъкид кардааст, ки ширкати “Барқи тоҷик” мебоист қабл аз барқкушӣ ин муроҷиатномаро нашр карда, иллати аслии вазъиятро, ки ба камобӣ бастагӣ дорад, ба мардуми Тоҷикистон шарҳ медод. Ба навиштаи муаллиф дар ин сурат мардуми кишвар асли масъаларо дарк карда, дигар ҳоҷат ба овардани делелҳои мисли “таъмиру навсозии таҷҳизоти барқӣ” намемонд.
Нашрия “Тоҷикистон” дар мақолаи дигаре аз мушкилоти мардуми деҳаи Шерхонии шаҳри Ҳисор қисса кардааст, ки ягона роҳи расидан бо ин русто убури руди Кофарниҳон бо қаиқ аст. Ба гуфтаи сокинони Шерхонӣ дар ин деҳа мағоза, дорухона, беморхона ва ҳатто оби тоза вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки дар деҳаи мазкур 600 нафар зиндагӣ доранд.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” бо нашри хабаре навиштааст, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ 66% коҳиш ёфтааст. Ба навишати ин нашрия, дар 11 моҳи соли 2020 аз Тоҷикистон 320 ҳазор сайёҳ боздид кардаанд, дар ҳоле ки шумораи сайёҳон дар 11 моҳи соли 2019, 1 миллиону 254 ҳазор нафарро ташкил дод.
“ИмрӯзNews”
Рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар матлабе навиштааст, ки дар Ӯзбекистон 178 ширкат бо сармояи соҳибкорон аз Тоҷикистон фаъолият доранд. Нашрия бо истинод ба иттилои Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон навиштааст, ки дар ин кишвар 178 корхона бо сармояи мустақими Тоҷикистон амал мекунад, ки 103 ширкати он муштарак бо соҳибкорони ӯзбекистонӣ буда, 75 корхонаи дигар сирф бо сармояи тоҷирони тоҷикистонӣ фааъолият доранд.
Ба таъкиди муаллиф, доираҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон бурунрафти сармоя ба ҳамсоякишварро дар навбати аввал ба сарбори зиёди андозбандӣ дар кишвар марбут медонанд.
“СССР”
Нашрияи “СССР” дар матлаби таҳлилие сабаби афзоиши нархи равғани офтобпараст, шакар ва тухмро дар бозорҳои кишвар баррасӣ кардааст. Дар мавриди афзоиши нархи шакар фурӯшандагон гуфтаанд, сабаб он аст, ки Покистон содироти шакарро манъ кардааст. Ба гуфтаи онҳо 70% шакари бозорҳои Тоҷикистон, шакари покистонӣ будааст.
Дар мавриди равған бошад, фурӯшандагон иддао кардаанд, ки имсол кишти офтобпараст дар Русия ва Беларусия ҳосили хуб надодааст. Сабаби гаронии тухми мурғ бошад, содироти зиёди ин маҳсулоти ғизоӣ ба Қирғизистони ҳамсоя арзёбӣ шудааст. Дар баробари ин гунаҳкори дигари афзоиши нархҳо дар ин матлаб, қиматшавии доллар дониста шудааст.
Бо назардошти ин муаллифи матлаб аз амалкарди заифи мақомоти масъул барои танзими нархҳо дар бозор шадидан интиқод карда, пешниҳод кардааст, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ барҳам дода шавад.
“Фараж”
Нашрияи “Фараж” бо нашри гузориши аксӣ таҳти унвони “Бесарусомониҳои Боғи ҳайвонот”, аз вазъияти ногувори Боғи вуҳуши пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст. Аксҳои чопшуда, ҳолати ногувори ҳайвонот ва иншооти Боғи ҳайвонотро бозгӯ мекунад. Муаллиф баъди боздид аз Боғи ҳайвонот навиштааст, ки аксари боздидкунандагон умуман ба ҳайвоноти боғ аҳамият надода, бештар атрофи асбобҳои бозиҳои фароғатӣ барои кӯдакон ҷамъ мешаванд.
Аҳмадов З.,
Радиои “Тоҷикистон”