Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс олимону донишмандон, шоирону нависандагон, адабиётшиносону омӯзгорон ва муҳаққиқон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, дар бораи хизматҳои шоистаи Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Дар идомаи конфронс раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ карда, иброз дошт, ки устод Сотим Улуғзода бо эҷоди асарҳои мондагори худ на танҳо адабиёти тоҷикро ғанӣ гардонидааст, балки тавассути тарҷумаи осори адибони ҷаҳон ба забони тоҷикӣ ва анҷоми таҳқиқоти илмӣ низ дар рушди фарҳангу адабиёти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки саҳми Сотим Улуғзода дар рушди санъати театрии тоҷик низ назаррас мебошад. Аз ҷумла, драмаҳо ва сенарияҳои ӯ дар бораи устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Темурмалик ва Аҳмади Дониш таваҷҷуҳи мардумро ба театр бештар намуда, барои шиносоии амиқтари ҷомеа бо осору рӯзгор ва фаъолияти ин шахсиятҳои бузург замина фароҳам овардаанд.
Қайд гардид, ки Сотим Улуғзода дар баробари дигар паҳлуҳои фаъолияти эҷодӣ дар таълифи асарҳои таърихӣ низ саҳми муҳим гузоштааст. Романҳои «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ» ва «Қисмати шоир» аз ҷумлаи осори арзишманди ӯ ба шумор мераванд, ки дар шинохти таърих ва фарҳанги миллати тоҷик аҳамияти хос доранд.
Бояд гуфт, ки конфронси байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ» то бегоҳи имрӯз дар ду бахш идома меёбад. Дар анҷоми конфронс консепсияи он қабул карда мешавад.
