15 сентябр дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ таҳти унвони «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид. Бо иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, диаспораҳои тоҷикон, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, олимон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои таҳкими ҳамкории давлат бо диаспораҳо, ҷалби сармоя ва технология, истифодаи иқтидори касбӣ ва зеҳнии ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, ИМА, Туркия, Нидерланд, Белгия, Австрия ва Италия иштирок карданд.
Дар натиҷаи конференсия таҳияи тавсияҳои мушаххас ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди кишвар дар назар аст.
