Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 29-уми август парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе–Минск ва Минск–Душанбе ба роҳ мемонад.
Тибқи иттилои ширкат, парвозҳо ҳафтае як маротиба — рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Бо роҳандозии ин хатсайр мусофирон метавонанд аз Душанбе бидуни парвози пайваст ба Минск — пойтахти Беларус сафар кунанд.
«Сомон Эйр» то ҳол ҷадвали дақиқи парвозҳо, нархи чиптаҳо ва дигар шароити сафарро нашр накардааст.
