14 август дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 – шарики боэътимоди сол» баргузор мешавад.
Дар он соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон иштирок мекунанд.
Ғолибон барои фаъолияти босамар, сифати хизматрасонӣ, масъулияти баланд ва эътимоди шарикӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ҳадафи асосии озмун муайян ва муаррифии ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, рушди бахши хусусӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорону шарикони хориҷӣ мебошад.
