ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БА ДОНИШКАДАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙН НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА 40 ФОИЗ АФЗОИШ ЁФТААСТ

Тибқи натиҷаҳои қабули довталабон барои соли таҳсили 2026–2027, тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зиёда аз 670 нафар довталаб қабул шудаанд, ки ин 70 фоизи нақшаи қабули донишкадаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 40 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Сироҷиддин Ҷурахонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфтааст, ки аз шумораи умумии довталабон 460 нафар дар имтиҳони маҳорат иштирок намуда, 378 нафар тибқи натиҷаҳои Маркази миллии тестӣ қабул гардидаанд.

Сарвинози С.