ДАР ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИН СОҲИБКОРИ СОЛИ 2026-РО МУАЙЯН МЕКУНАНД

Соҳибкорони Тоҷикистон метавонанд то 15 сентябр барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол — 2026» дархост пешниҳод намоянд.

Тавре Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, озмун ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мешавад, баргузор мегардад.

Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд иштирок намоянд. Ғолибон аз рӯйи 19 номинатсия, аз ҷумла дар бахшҳои истеҳсолот, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ, содирот, бонкдорӣ, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, савдо, сохтмон ва инноватсия муайян карда мешаванд.

Ҳамчунин номинатсияҳои алоҳида барои занони соҳибкор, соҳибкорони ҷавон, стартапҳо, хайрхоҳон ва «Пешрафти сол» пешбинӣ шудаанд.

Дархост ва варақаи иштирокро метавон тавассути почтаи электронии sohibkori.sol@gmail.com ё ба нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40 пешниҳод кард.