Дар Комиссарияти ҳарбии шаҳри Ваҳдат ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ситод масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2026 баррасӣ гардиданд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба радиои Тоҷикистон хабар доданд, ки
дар кори ситод, муовини якуми раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, комиссари ҳарбии шаҳр, инчунин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони як қатор раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи шаҳраку деҳот барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар хотима, масъулон бо вазифагузориҳои мушаххас суханронӣ намуда, аз ҳар яки онҳо талаб карданд, ки корҳои омодагиро пурзӯр карда, дар фурсати муайяншуда нақшаи даъватро иҷро намоянд.
Сурайёи Сироҷиддин радиои “Тоҷикистон”
