Аз аввали моҳи август ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines шумораи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе – Истанбул – Душанбе-ро ба ҳафт парвоз дар як ҳафта расонд. Акнун мусофирон метавонанд ҳар рӯз аз пойтахти Тоҷикистон ба Истанбул сафар намоянд.
Ба гуфтаи масъулон, зиёд гардидани парвозҳо барои рушди сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва осон гардидани рафтуомади шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
