ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ


Ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 89 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 52,2 млрд. сомонӣ (5 633,8 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад, — таъкид гардид дар нишасти матбуотии Кумаитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз ҷониби раиси кумита Султон Раҳимзода.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда азхудкунии маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз санаи оғози татбиқ 3,37 млрд. доллар ё 60 фоиз ва тибқи нақшаи молиявии моҳҳои январ-июни соли 2026-4,5 млрд. сомонӣ (491,8 млн. доллар) ё 113 фоизро ташкил медихад.

Дар моҳҳои январ июни соли 2026 бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ барои татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 386,9 млн. доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ирригатсия ва кишоварзӣ ба имзо расонида шуд.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”