Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шуд.
Тибқи маълумоти ректори донишгоҳ Алексей Золотухин зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО-и кишвар ин ассотсиатсия бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст.
Ҳамзамон, аз соли таҳсили 2026–2027 дар донишгоҳ факултаи нави рӯзноманигорӣ таъсис дода шуда, қабули донишҷӯён аз рӯи ҳафт ихтисоси нав ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои ректор, ихтисосҳои нав бо дарназардошти талаботи имрӯзаи бозори меҳнати кишвар роҳандозӣ шудаанд, ки чунинанд: амнияти иттилоотӣ, идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ; информатикаи тиҷоратӣ; реклама ва робита бо ҷомеа; амнияти иқтисодӣ; тарҷума ва тарҷумашиносӣ (забонҳои хитоӣ ва олмонӣ).
М. Тоҳирова
