Дар соли нави таҳсили 2026–2027, тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул хоҳанд шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин омор то оғози соли хониш метавонад тағйир ёбад ва шумораи ниҳоии хонандагони синфи якум охири моҳи сентябр маълум хоҳад шуд.
Тибқи талаботи амалкунанда, имсол ба синфи якум кӯдаконе қабул мешаванд, ки то 31-уми декабри соли 2019 таваллуд шудаанд. Кӯдаконе, ки аз 1-уми январи соли 2020 ва баъд аз он таваллуд шудаанд, имсол ба синфи якум қабул намегарданд.
Ёдовар мешавем, ки қабули кӯдакон ба синфи якум аз 1-уми август оғоз шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм анҷом дода мешавад.
