САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР КИШВАР 10,3 ФОИЗ КОҲИШ ЁФТААСТ

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ҳазору 63 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст. Аз ин шумора 6 ҳазору 620 муроҷиат аз ҷониби прокуророн бевосита баррасӣ шуда, 1 ҳазору 826 муроҷиат қонеъ гардидааст. Дар ин бора имрӯз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо дахолати прокуророн дар давраи ҳисоботӣ 1 миллиарду 159 миллион сомонӣ, аз ҷумла 365 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардида, 107 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сарвинози Сайдалӣ