Бо назардошти тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад 114,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид шуд. Дар ин бора имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаи даромади дохилии буҷет аз ҷониби Кумитаи андоз низ 123,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 17,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои «Тоҷикистон»
