Дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» корҳои таъмиру сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд

Баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути навсозии инфрасохтор яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аст.

Беҳтар намудани инфрасохтор ва рақамикунонии муассисаҳои КАТС тавассути сармоягузорӣ дар барқарорсозии иншооти мавҷуда ва сохтмони муассисаҳои нав дар 16 ноҳияи фарогирии Лоиҳа пешбинӣ шудааст. Инчунин, таъминот бо таҷҳизоти тиббӣ, насби панелҳои офтобӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти компютерӣ барои ин муассисаҳо дар назар аст.

Дар марҳилаи ибтидоии татбиқи Лоиҳа таҳлили ҳамаҷонибаи эҳтиёҷоти инфрасохторӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа зарурати гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар муассисаи КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ муайян гардид.

Нақшаи ниҳоии тасдиқшуда иҷрои корҳоро дар 42 муассисаи кумаки аввалияти тиббию санитариро пешбинӣ менамояд, ки сохтмон дар 20 иншоот, дар 5 Маркази саломатии ноҳиявӣ ва 15 Маркази саломатии деҳот ва таъмири асосӣ дар 22 иншоот, дар 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ ва 21 Маркази саломатии деҳот ба нақша гирифта шуд.

Дар айни замон аз ин шумора дар 13 муассиса таъмири асосӣ ба анҷом расонида шуда, дар 11 МСД корҳои таъмирӣ идома доранд.

Ҳамчунин тибқи нақша дар 4 Марказҳои саломатии ноҳиявӣ корҳои сохтмонӣ огоз гардиданд.

Маркази соломатии ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик яке аз сохтмонҳои асосӣ дар доираи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” маҳсуб меёбад. Сохтмони он 29 октябри соли 2025 оғоз гардида, пудратчӣ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Нишот сохтмон” мебошад.

Бинои Маркази саломатӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, аз се ошёна, 44 ҳуҷраи корӣ ва 10 ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ин маркази саломатӣ, ки то имруз дар бинои Беморхонаи минтақавӣ ҷойгир аст, ба 22200 нафар аҳолӣ, ки дар 2375 хоҷагӣ зиндагӣ доранд, хизмат мерасонад. Айни замон дар ин марказ 3 нафар табиб ва 11 нафар корманди миёна фаъолият доранд.

Маркази саломатии деҳоти Чавроқ дар ноҳияи Темурмалик 14 марти соли 2025 мавриди таъмир қарор дода шуд. Ин марказ аз як ошёна иборат буда, дорои қайдгоҳ ҳуҷраҳои то қабули табиб, табиби оилавӣ, тазриқгоҳ ва эмгузаронӣ, ҳуҷраи табиби занона ва ҳуҷраи модару кудак мебошад. Корҳои таъмирӣ дар ин марказ моҳи ноябри соли 2025 ба анҷом расида, баъди таъмири асосӣ боз мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин маркази саломатӣ ба 1122 нафар аҳолӣ дар 163 хоҷагӣ кумаки тиббии саривақтӣ мерасонанд. Дар ин марказ 4 нафар корманди миёнаи тиб фаъолият доранд.

Марказҳои саломатии деҳоти “Хироб” ва “Дашти майдон” дар ноҳияи Балҷувон низ ба таъмири капиталӣ ниёз доштанд.

Дар доираи фаъолияти лоиҳа корҳои таъмирӣ дар ин марказҳои саломатӣ моҳи маи соли 2025 оғоз гардида, дар моҳи декбри ҳамин сол аз таъмири пурра бароварда шудааст.

Пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Нишот сохтмон” ва зерпудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мақсуд” аз ноҳияи Балҷувон аст.

Ин марказҳои саломатии деҳот дорои 8 ҳуҷра, аз ҷумла сабтгоҳ, ҳуҷраҳо барои қабули табиби оилавӣ, табиби занона, ҳуҷраи тотабибӣ, тазриқгоҳ, ҳуҷраи модару кудак мебошанд. Дар ин муассисаҳо дар баробари бинои асосӣ хати оби тозаи нушокӣ, обанбори захиравӣ ва бахшҳои ёрирасон барои кормандону аҳолӣ омода карда шудааст.

Маркази саломатии Хироб ба 722 нафар аҳолӣ дар 106 хоҷагӣ хизмат мерасонад ва 3 нафар корманд дорад. Маркази саломатии деҳоти Дашти майдон аз маркази ноҳия дар масофаи дуртар ҷойгир буда, ба 268 нафар аҳолӣ дар 46 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

МСД “Сафобахш” дар ноҳияи Данғара аз ҷумлаи муассисаҳоест, ки фаъолияти сохтмончиён хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Охирин корҳои таъмирӣ дар қисми беруии бино ва атрофи он дар арафаи анҷомёбист. Корҳои таъмирӣ дар ин муассиса аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, анҷоми он дар моҳи августи соли 2026 ба нақша гирифта шудаааст. Ин муассиса аз 10 ҳуҷраи корӣ ва иншоотҳои ёрирасон иборат аст. Пудратчии он ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Кангурт -2” мебошад.

Деҳаи Сафобахш яке аз деҳаҳои калони ноҳияи Данғара ба шумор рафта Маркази саломатии деҳоти он ба 4076 нафар аҳолӣ дар 612 хоҷагӣ хизмат мерасонад. Дар ин марказ 1 нафар табиб ва 14 нафар корманди миёна фаъолият доранд.

Бо мавриди истифода қарор додани ин Марказҳои саломатии деҳот имконияти бештари фаъолият барои кормандони тиб фароҳам оварда шуда, сифати хизматрасонӣ ба маротиб беҳтару хубтар хоҳад гашт.