Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт баргузор гардид. Аз шуъбаи маорифи ноҳияи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар доданд, ки чорабинӣ дар мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим доир шуда, ғолибону беҳтаринҳо дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи натиҷаҳои раддабандии Кумитаи тадорукот, ноҳияи Шоҳмансур дар Олимпиадаи даставии “Истеъдод” сазовори ҷойи аввал гардида, бо стелло ва ҷоизаҳои арзанда сарфароз гардид. Боиси ифтихор аст, ки 7 муассисаи таълимии ноҳияи Шоҳмансур ба қатори муассисаҳои таълимии дар самти ҳаракати олимпӣ фаъол ворид шуданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Панҷгонаи беҳтарин дастаи олимпӣ (МТМУ) муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» муассисаҳои таълимии №31, 55, 48 ва 63 ҷой гирифтанд.
Ҳамчунин, дар номинатсияи «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» муассисаҳои таълимии «Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ва «Мактаби байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе» вориди даҳгона шуданд. Гуфта шуд, ки муассисаҳои таълимии мазкур бо Сипосномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
