ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД

Дар соли 2025 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, 41 санади ҳамкорӣ бо ширкату ташкилотҳои хориҷӣ ба имзо расонид, ки ин нисбат ба соли 2024 12 санад зиёд мебошад.

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ин ниҳод иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади шиносоӣ бо навгониҳои технологияҳои истеҳсолӣ ва дарёфти шарикони хориҷӣ 2402 нафар соҳибкорон дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо, бизнес-миссияҳо, вохӯриҳои B2B ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшо Раҳмонализода зикр намуд, ки дар соли 2025 ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфуз густариш ёфта, дар 16 кишвари ҷаҳон намояндагиҳои нави Палата фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон, шумораи аъзоёни Палата ба 1203 субъекти соҳибкорӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 89 адад зиёд мебошад. Бо мақсади ҷалби корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорон ба аъзогии Палата 706 маводи иттилоотӣ ва пешниҳодҳои тиҷоратӣ ирсол гардидааст.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти дастгирии соҳибкории миллӣ ва рушди ҳамкориҳои хориҷӣ минбаъд низ идома хоҳад дод.

Муҷиддини Сайфиддин,

радиои Тоҷикистон