Дар соли 2025 ба 2147 шахсони хуқуқию воқеие, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зарар расидааст дар ҳаҷми 3 353,9 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабари раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шӯҳрат Мақсудзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Инчунин гуфта шуд, ки Корхона дар соли 2025 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ беш аз 230,9 ҳазор адад шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонидааст. Аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда бошад беш аз 14,5 ҳазор адад ба маблағи 3 840,1 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва беш аз 216,3 ҳазор адад ба маблағи 36 636,7 ҳазор сомонӣ, ба шакли ихтиёрии суғурта мансуб мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин давра Корхона ба буҷет дар маҷмуъ беш аз 10,0 миллиони Сомонӣ маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 830,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Гулрӯ Ниёзова,
радиои «Тоҷикистон»
