Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди мамлакат — дар меҳвари семинари ҷумҳуриявӣ

Имрӯз дар Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди мамлакат» семинари илмӣ -назариявии  ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур олимону коршиносон иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намудаанд.

Чорабиниро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Карамалишоҳ Карамалишоев ифтитоҳ намуда, оид ба муҳимияти масаълаҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва таҳкими сиёсати хориҷӣ кишвар сухан намудаанд. 

Ҳамчунин дар семинари мазкур дерктори Марказӣ омӯзишӣ «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» Назира Амирбекзода дар мавзуи ҳадафҳои олии мамлакат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ карда иброз дошт, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногун хоҷагии халқ, илм, маориф, фарҳанг, тандурусти иқтисодиёт масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баланд бардоштани ҳувияти мардум ва таҳкими давлатдории миллӣ, ки дар асоси он бунёди Марказӣ тамаддуни Ориёӣ ва Марказӣ байналмилалӣ Наврӯз дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд,  дар ин ҳуҷҷати стратегӣ ба таври муфассал таҳлил гардид. 

Инчунин қайд гардид, ки дар ин замина аъзои Маҷлиси Олии мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони вазорату идораҳои ва мардуми шарифи кишвар вазифадор гардидаанд, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувият ва рушди босуботи мамлакат саҳмгузор бошанд. 

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон«