Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ расид

Соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 102 корхонаҳои саноатии бақайдгирифта  8 адад аз фаъолият бозмондаанд,  ки ин нисбат ба  соли гузашта 11 адад корхонаҳои бе фаъолият кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз  4-уми феврал раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Руслан Қодирзод ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Инчунин гуфта шуд, ки  дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ ба 1 миллиарду 344.8 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 ба маблаги 2 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми афзоиши он 120.0 фоизро ташкил дод.

Ба маълумоти масъулин  ҳамзамон дар соли 2025 дар ҳудуди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 700 ҷои нави корӣ ташкил гардидаст. Таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави кори зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта,  пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Инчунин, дар минтақаи мазкур барои бунёди 3 корхонаи дигари истиеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли  маҳсулоти кварс бо таъсиси 180 ҷойи нави корӣ, корхонаи истеҳсоли панелҳои шишагӣ бо ташкил 240 ҷои нави корӣ ва корхонаи истеҳсоли зарфҳои шишагӣ бо таъсиси 160 ҷои нави корӣ санги асос гузошта шуд.  

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”