Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази инноватсия ва зеҳни сунъӣ таъсис ёфт

Дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия  дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ бо 65 ҷойи нишаст ва таҷҳизоти омӯзишӣ таъсис дода шудааст. Чунин иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод. Ба иттилои ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода дар доираи табодули академӣ  донишҷӯён ба Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ,  Донишгоҳи Бохай, Донишгоҳи Лиаонинги Шарқӣ  ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск  сафарбар шудаанд.

Инчунин 184 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 9 нафар ҳамчун шунаванда дар донишгоҳ таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, 8 омӯзгори хориҷӣ ба таълими забонҳои хориҷӣ машғуланд. Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода дар ДБЗХТ дар як сол Донишгоҳи мазкур бо донишгоҳҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ  11 ёддошти тафоҳум,  ба имзо расонидааст.