Дар соли 2025 аз фурӯдгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватании ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва 19 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳои мунтазам иҷро гардид. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Директори Агенти авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иттилоъ дод. Роҳбарияти ин ниҳод иброз дошт, ки соли 2025 фурудгоҳҳои байналмилалӣ кишвар ҳамагӣ ба 2 млн 963 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 399 ҳазор мусофир ё 12 фоиз кам мебошад.
Ҳамчунин итилоъ доданд, ки дар соли 2025 фурӯдгоҳи байналмилалии кишвар 11 ҳазор 567 хатсайр анҷом доданд, ки нисбат ба соли гузашта 170 хатсайр ё 1,4 фоиз кам мебошад.
Сураё Сироҷиддин
радио “Тоҷикистон”
