Дар соли 2025 аз ҷониби мутахассисони ватанӣ 72 навгониҳо ворид карда шудааст, ки аз инҳо -14 навгонӣ дар самти ташхис ва 58 навгонӣ дар самти табобат мебошад, чунин иттилоъ дод, имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО — кишвар. Ба маълумоти вазир, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар соли 2025 ба 330 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2024-295) гузаронида шуд. Аз ин шумора пайвандсозии гурда-222 адад ва пайвандсозии ҷигар 108 ададро ташкил медиҳад, ки аз теъдоди умумии ин беморон 99 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамзамон ба 95 нафар беморони хориҷӣ амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра 203563 амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба соли пешин 10% зиёд мебошад ва шумораи ҷарроҳиҳои миниинвазиви 28624 ададро ташкил медиҳад, ки ин дар муқоиса ба соли 2024 18,6% зиёд мебошад. Инчунин гуфта шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ барои дарёфти саривақтии бемории сил 78 адад дастгоҳи тезташхискунандаи сайёри рақамии флюорографӣ ва 34 адад дастгоҳи рентгени рақамии портативӣ ва 84 таҳлилгоҳи бактериоскопӣ фаъолият карда истодаанд.
Олуфта Шарипова
радиои «Тоҷикистон»
