Дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8.2 миллион (8 млн. дар соли 2024) нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 миллион муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,9 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,2 миллион (4,5 млн. дар соли 2024) ададро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5,1 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, интернет дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.
Шумораи умумии субъектҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқа, ҳамагӣ 97 ададро ташкил медиҳанд, ки бо 251 иҷозатномаҳо фаъолият доранд. Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои зикршуда дар соли 2025 ҳамагӣ 56 адад иҷозатнома ба 40 субъекти хоҷагидор дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 80100 сомонӣ маблағ ворид гардид. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ муҳлати 25 адад иҷозатнома ба итмом расида, аз ин 13 адад иҷозатномаи нав гирифтанд ва бинобар сабаби аз тарафи субъектони хоҷагидор иҷро нагардидани шарту талаботи иҷозатномавӣ ва бо дархости онҳо 58 адад иҷозатнома бекор карда шуд.
Бо суръати баланд рушд намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва истифодабарии васеи онҳо аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар равандҳои идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми иттилоот, зарурияти роҳандозии шабакаи алоқаи мобилии насли 5G-ро дар кишвар ба миён меоварад. Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» роҳандозии шабакаҳои насли 5G густариш ёфта истодааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 84 адад истгоҳҳои базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 77 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 2 адад ва Хуҷанд 3 адад.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикуноӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири алоқа, бо Амри сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2025, №01-72118 дар асоси Ёддошт оид ба таъсиси Консорсиум миёни Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи мобилӣ, ки 14 октябри соли 2025 ба имзо расидааст, нақшаи «Насби пойгоҳҳои базавӣ стандарти 5C дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» тасдиқ карда шуд.
Мутобиқи нақшаи мазкур, насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ ва тибқи ҳиссаи муқарраргардида амалӣ мегардад. Иҷрои нақша дар асоси марҳилаҳои пайдарпай пешбинӣ гардида, ҳадафи асосии он таъмини фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ 60 шабакаи 5G буда, нишондиҳандаҳои зерин муқаррар гардидаанд:
— то охири соли 2026 фарогирии на камтар аз 15 фоиз;
— то охири соли 2027 фарогирии на камтар аз 35 фоиз;
— то охири соли 2028 фарогирии на камтар аз 50 фоиз;
— то охири соли 2029 фарогирии на камтар аз 75 фоиз;
— то охири соли 2030 таъмини фарогирии 100 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
