НАЗОРАТИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР КИШВАР

Дар соли 2025 Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  3991 корхона ва 17779 объектхо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар видоятхои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва объектҳо бақайдгирифташуда 49 назорати техникӣ, аз ҷумла 23 назорати нақшавӣ ва 26 назоратҳои ғайринақшавӣ гузаронида шудааст.

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 680 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд, таъкид дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори хадамот Санъат  Раҳим.

Дар соли 226 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва шахсони воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 1167660,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда 179 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.

Дар корхонаву объектҳои зериназоратии Хадамот дар соли 2025 ҳамагӣ 46 ҳодисаи нохӯш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 40 нафар ҳалок ва 27 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисии техникиии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.

Барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбати 40 нафар шахсони хуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулии татбиқгардида 211500,0 сомониро ташкил додааст.

Ба 67 нафар зарардидагон (аз ҷумла 40 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина, инчунин кумакҳои пулӣ ва молӣ ба маблағи 7852525,0 сомонӣ расонида шуд

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”