ОМӮЗИШИ ҚАЪРИ ЗАМИН

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 32 лоиҳа ба маблағи 21 756,0 ҳазор сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд.

Корҳои шартномавӣ аз рӯи 174 лоиҳа ба маблағи 16978,0 ҳазор сомонӣ ба  анҷом расонида шуд.

Дар маҷмуъ корҳо бо усули хоҷагидорӣ 37247,7 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-5053,8 ҳазор сомонӣ зиёд буд, ки суръати афзоиш 116 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2025 Саридора ба маблағи 12112,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет андоз супоридааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1284,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад., таъкид дошт сардори Саридораи геолтгия Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин номбурда таъкид дошт  ки  мутобиқ ба лоиҳаи «Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенй-геологӣ барои солҳои 2020-2025» дар 824 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 127 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнан умумӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан пешниҳод дода шуд.

Тибқи лоиҳаи «Кадастри давлатии об», мушоҳидаи реҷавӣ дар 150 ва мушоҳидаҳои такрорӣ дар 206 обанбори шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Кӯшониён, Шаҳритус, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Фархор, Панҷ, Ҷ. Балхӣ, Вахш, Ёвон, Файзобод, Нуробод, Шаҳринав, Дӯстӣ, Рашт ва Рӯдакӣ гузаронида шуда, 64 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Зарафшон мушоҳидаҳои аввала дар 30 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 65 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавии пармачоҳҳо 336 ченкунӣ гузаронида шуда, 207 адад маҳакҳои об барои ташхиси кимиёвӣ супорида шудаанд.

Тибқи Лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ», дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9 пармачоҳ бо жарфи умумии 760 м парма карда шуданд.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”