Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Хирадмандон” таҳти унвони «Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Дар кори маҳфил олимону донишмандон, омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Маҳфилро Сипеҳри Ҳасанзод, роҳбари маҳфили “Хирадмандон” ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян карда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Сипас Муҷиддини Сайфиддин, бо маърӯзаи пурмуҳтаво роҷеъ ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати иҷтимоӣ, маорифу илм ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ хоса зоҳир карданд.
Дар анҷоми маҳфил иштирокдорон чунин чорабиниҳоро омили муҳими баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва густариши афкори солим дар ҷомеа арзёбӣ намуда, баргузории мунтазами онҳоро муҳим хонданд.
Аҷибов НИЗОМҶОН,
Радиои Тоҷикистон
