Шоир ва нависандаи тоҷик Султонмуроди Одина даргузашт

Шаби 14-уми январ  Султонмуроди Одина  дар 75-солагӣ  даргузашт.

Ӯ аз адибони куҳансоли Ҳисор буд ва даҳҳо асари манзуму мансур таълиф кардааст. Заҳамоташ дар арсаи маорифу фарҳанг ва сухангустарӣ ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст. Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Султонмурод Одина барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ҳабибуллоҳ Назаров ва  ҷоизаи рӯзноманигории ба номи Муродуллоҳ Шерализода аст. Ҳамчунин нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дорад.

Маросими ҷаноза, дирӯз  дар деҳаи Шопури шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ҳайати эҷодии Радиои Тоҷикистон, даргузашти Султонмуроди Одинаро барои аҳли адабу фарҳанги кишвар таслият  гуфта, ба аҳли хонаводаи эшон ва азизонашон дар ин рӯзҳои сахт сабру шикебоӣ мехоҳад.