Аксияи ниҳолшинонии маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар “Боғи Ғалаба” ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар доираи ҳидояту роҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву кабудизоркунӣ дар пойтахт аз ҷониби шуъбаи маориф дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и пойтахт  бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  аксияи ниҳолшинонии маорифчиёни ноҳия доир карда шуд.

Зимни оғози аксияи ниҳолшинонӣ гуфта шуд, ки бо эълон гаштани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” бояд ҳар як сокини ноҳия дар ободониву сабзкорӣ саҳми арзанда ва намоён гузорад ва барои беҳтар гардондани вазъи экологӣ  ва баланд бардоштани ҳусни зебоии як гӯшаи кишвари азизамон саҳми арзанда гузорад.

Боиси зикр аст, ки дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ зиёда аз 1000 адад дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд ва тадбири мазкур минбаъд низ идома дода хоҳад шуд. Дар ин хусус аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шохмансури шаҳри Душанбе хабар доданд.

Сураё Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”