Роибитаҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тақвият меёбад

Дирӯз мулоқоти муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фатҳулло Ҷабборов бо роҳбарияти Донишгоҳи Ал Қосимии Шарҷа (Аморати Шарҷа, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ) доир гардидааст. Дар ин хусус аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳо, таҳияи нақшаи амал ва омодасозии Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа расида, омодагии хешро ҷиҳати оғози ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иброз намуданд.

Мулоқоти мазкур имкониятҳои навро дар самти табодули академӣ, таҳқиқоти илмии муштарак, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва даъвати омӯзгорону профессорони ҷонибҳо фароҳам меорад.