Дар Панҷакент аввалин Ҷашнвораи байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мегардад

Рӯзҳои 12 ва 13-уми декабр дар шаҳри Панҷакент бори аввал Ҷашнвораи байналмилалии санъати халқии “Сӯзании Панҷакент” баргузор мегардад.

Ин чорабинӣ ба муносибати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф гардидани Панҷакент доир шуда, дар доираи он намоишгоҳи бузурги сузанӣ ва намоишгоҳи ҳунармандони маҳалливу сурат мегирад.

Ҳамчунин, вохӯрии ҳунармандон бо намояндагони Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ (IFAM Santa Fe) ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.