Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» дар Душанбе баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Озмуни мазкур соли чорум аст, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баргузор карда мешавад. Дар ҳамоиш Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ иброз дошт, ки новобаста аз ин, имрӯзҳо, бо мақсади ҳалли мушкилот ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ пайваста диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои дарёфти роҳҳои алтернативии логистикаи нақлиётӣ, аз ҷумла баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, ифтитоҳи марказҳои тақсимоти яклухт бо мақсади пешбурд ва мавқеъгирии маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ дар хориҷи кишвар ва ба ҳамин васила зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, дода мешавад.

Ҳамзамон Директори Агентии содироти назди ҲҶТ Баҳриддин Сироҷиддинзода  қайд кард, ки мақсади баргузории Озмуни «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ин дарёфти содироткунандаи боэътимод, рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, дуруст ва дақиқ муайян кардани содироткунандагони боэътимод ва дурнамои иқтидорҳои содиротии онҳо мебошад. Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор  содироткунандагон  бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.  

Г. Ниёзова