Дирӯз зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Суманак ғизои мавсимии мардуми тоҷик буда, он хоси фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз мебошад. Суманак таъри қадима дошта, ба гуруҳи ҳалвоҳо дохил мешавад. Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Аминзода фарҳангшинос, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар, дар зери мафҳуми суманак на танҳо як навъи таъом, балки бисёр маъниҳо нуҳуфтааст. Сумакат дарбаргирандаи эътиқодот ва бовариҳои мардум мебошад, ки рӯёнидаи сабзаи онро мардум савоб ва омода карданашро омили сарҷамъ намудани мардуму шарик шудан дар хушҳолии якдигар медонанд.
Бояд гуфт, ки суманакпазӣ яке аз намунаҳои олии фарҳанги мардумӣ ба ҳисоб меравад. Махсусияти ин навъи таом дар он мебошад, ки дар фазои савту садо ва мусиқиҳои ба он бахшидашуда дар давоми 10 — 12 соат пухта мешавад. Тавре Абдулфаттоҳ Аминзода фарҳангшинос, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар, зимни суҳбат ба мо гуфт, ворид гардидани номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бори дигар исбот намуд, ки Тоҷикистон дорои фарҳангу анъанаҳои қадимаи хоси худ буда, онҳоро имрӯз ҳам идома медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ворид гардидани номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бори дигар фарҳанги ғании кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои ҷалби бештари сайёҳон мусоида мекунад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
