Имрӯз дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2025 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд, ки дар самти кӯдакон фаъолият мебаранд, дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ ва суханронии Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириву иқдомоти муассири давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти қонунгузории амалкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ масъалаҳои ҳамгироии иҷтимоии занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҳошияи таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Тоҷикистон матраҳ гардида, оид ба дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳа муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
