Баргузории нахустин ҷаласаи 21- уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ

Имрӯз дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  нахустин ҷаласаи 21- уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

Ҷаласа  дар доираи консепсияи раёсати Ҷумҳурии Точикистон дар ИДМ барои соли 2025 сурат гирифта, дар кори он намояндагони расмии роҳбарони мақомоти суғуртавӣ аз 7 кишвари ИДМ иштирок доранд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳим вобаста ба рушди соҳаи суғурта, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ  қарор гирифт. Таъкид рафт, ки масъалаҳои мазкур бевосита ба баланд гаридани функсияи иҷтимоии соҳаи суғурта дар ҳаёти аҳолии минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқтисодиёти миллӣ, мусоидат хохад кард.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба он таваҷҷӯҳи бештар равона гардид, ин танзиму назорати фаъолияти суғуртавӣ дар кишварҳои минтақа ва инчунин танзиму такмили қонунгузории соҳаи суғурта дар минтақ,а аз ҷумла ба низом даровардани муносибатҳои суғуртавӣ байни аҳолӣ ва ташкилотҳои суғӯртавӣ бо истифода аз платформаи инноватсионӣ раққамикунонии соҳа, буд. 

Интизор меравад дар баробари баргузории чаласаи Шӯро семинари роҳбарони мақомоти назорати суғуртавӣ низ ба нақша гирифта шудаат, ки он дар доираи кишварҳои минтақа баргузор хоҳад шуд.

                                                                                          Олуфта Шарипова,

                                                                        радиои «Тоҷикистон«