Дар Ню-Йорк масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе баррасӣ шуд

24 сентябр дар доираи  иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари ниҳоди СММ-Об Алварио Ларио баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ташаббусҳои муҳими марбут ба захираҳои об табодули афкор намуда, чорабиниҳои байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузоршаванда, аз ҷумла Конфронси оби СММ-2028 дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.