Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба Бозиҳои ИДМ-2025 вориди Озарбойҷон шуд

Шаби 23-юм ба 24-уми сентябр ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16 сола аз намуди футбол, мунтахабҳои наврасон оид ба волейбол, бокс, шиноварӣ аз Душанба ба Боку сафар карданд. Ҳайати боқимонда тибқи тақвими баргузории мусобиқа аз Душанбе ба Боку сафар хоҳанд кард.

Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи 22 намуди варзиш аз 25 сентябр то 9 октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур бо иштироки худ 208 – нафар, аз ҷумла 59 — нафар масъулину мураббиён, 7 – нафар намояндагони васоити ахбори омма ва 142 нафар варзишгар аз рӯи 18 намуди варзиш муаррифӣ мекунанд.

Мадина Қурбонзода парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон зимни кушодашавии Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Озарбойҷон хоҳад буд.