24 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии вазорати федеролӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен доир шуд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо инчунин ба зарурати идомаи муколамаи созанда ва густариши робитаҳои дӯстона таъкид намуданд.
Итминон изҳор карда шуд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди устувор мусоидат хоҳанд кард.