То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазору сесад адади он пурра об шуда, суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баён намуданд.
— Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. «Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.
Бо дахли баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар самти тағйирёбии иқлим ва обу ҳифзи пиряхҳо Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «тобистони соли равон Тоҷикистон аз Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мизбонӣ намуд. Ин ҳамоиш аҳли ҷомеаи ҷаҳонро бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба мушкилоти криосфера гирди ҳам овард».
