Ширу шакар бо Муродӣ

“Маҳфили маърифат” — бо ин унвон шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ ба гунаи ширу шакар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд.

Дар ин маҳфили рангин Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор баён дошт, ки устоди Алимуҳаммад Муродӣ замини Тоҷикистон аст, чунки аз миёни ҳама қаламкашони миллат танҳо Муродӣ бо замин пайваст ва аз он самар баркашид. Зикр гардид, ки Алимуҳаммад Муродӣ аз шоирони асили ватансарост, ки дар тору пудаш эҳсоси ватандориро талқин мекунад.


“Маҳфили маърифат” бо ҳузури қаламкашони шинохта, шоирон, аҳли адаб, ҳунармандон ва мухлисону алоқамандони сухани волои шоир баргузор гардид.
Алимуҳаммад Муродӣ фармуда:
Зиндагиро ранҷ додам шаст сол,
Офарин бар тоқаташ таркам накард.

Дар маҳфили мазкур ё лаҳзаи ширу шакар аз ашъори шоири хушкалом мисраҳои воло қироат гардида, сарояндаҳои хушном ба шумули Фурқат Саид, Моҳрухсор Сафиева, Афзалшо Шодиев, Файзалӣ Ҳасан, Ҷумъахон Сафар, Шоҳин Абдуллоев ва дигарон таронаҳои дилнишин суруданд.

Лутфуллои Азиз,

радиои «Тоҷикистон»