Муаррифии натиҷаҳои Тадқиқоти арзёбиҳои миллии дастовардҳои хонандагон дар Хоруғ

13-уми август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Марҳилаи 2) муаррифии натиҷаҳои тадқиқоти арзёбиҳои миллии дастовардҳои хонандагон доир карда шуд.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар машварат сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Холиқзода, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шодӣ Сафаров, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аминҷон Мирзоқанд, намояндаи лоиҳа (Марҳилаи 2) Фаридун Раҳмонзода ва мудирони кабинетҳои методӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилоти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм зимни муаррифии натиҷаи тадқиқоти вобаста ба арзёбии сифати таҳсилот гузаронидашуда иброз дошт, ки ҳадафи асосии таҳқиқоти арзёбии миллии дастовардҳои таҳсилии хонандагон ба даст овардани маълумоти воқеӣ ва боэътимоди илман собитшуда дар бораи сатҳи дониш ва малакаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ (умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ) ва омилҳои ба натиҷаҳои таҳсилот таъсирбахш мебошад.

Зимни машварат иштирокчиён доир ба истифодаи роҳу усулҳои гуногун, аз қабили истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъи ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, арзёбии дониш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ як ҷузъи талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 буда, зарурати истифодаи маълумоти ин арзёбиҳо барои қабули қарорҳои дуруст ҳамчун афзалият инъикос карда мешавад.