Имрӯз дар меҳмонхонаи «HYATT REGENCY»-и шаҳри Душанбе «Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ» оғоз гардид. Дар кори он муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳадафи асосии баргузории форум баррасии самтҳои афзалиятноки таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, табодули таҷриба ва таҳияи тавсияҳои минтақавӣ ба Саммити глобалӣ оид ба рушди иҷтимоӣ, мебошад, ки моҳи ноябри соли 2025 дар Давлати Қатар баргузор хоҳад шуд.
Дар кори форум 22 коршиноси байналмилалӣ аз кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон иштирок доранд. Ҳамзамон, дар он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони дорои маъюбият, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ҳузур хоҳанд дошт.
Форуми мазкур имкони нав барои рушд бахшидан ба ҳамкорӣ ва татбики ташаббусхои фарогир дар заминаи ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари шахсони маъюбон фароҳам меорад, як иқдоми муҳим дар раванди ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Т. Сатторов