Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси кумита Султон Раҳимзода бо роҳбари Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон хонум Сабине Олтхофф ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ (FAO) дар Тоҷикистон Агаси Арутюнян баргузор гардид.

Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мамлакат, дар вохӯрӣ масъалаҳо марбут ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо GIZ ва FAO баррасӣ гардиданд. Инчунин ҳамкории ҷонибҳо дар раванди омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» ва ҷалби ин ташкилот ҳамчун шарикон дар ташкилу баргузории форум баррасӣ карда шуд.